734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Варақаи иттилоотӣ – Форуми ҷумҳуриявии занон

Бори нахуст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори Роҳбар” муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо доираи васеи ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва занони баруманди тоҷик Форуми ҷумҳуриявии занон дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди субботи ҷомеа” баргузор мегардад.

Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Ин иқдом 9 октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, иштироки коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон, донишмандону шахсони рӯзгордида аз ҳисоби занону бонувон дар назар дошта шудааст.

Дар кори Форум масъалаҳои марбут ба занон, гаравиши занону бонувон ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, масъалаҳои фаъолияти занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, сабабу омилҳои пешгирии занону бонувон аз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занон дар илм ва инноватсия, пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар миёни занон, нақши занон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба занону бонувон аз ҷониби коршиносони соҳа ва олимону муҳаққиқон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки Форуми ҷумҳуриявии занону бонувон дар доираи эълон гардидани муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ҳайси сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори Роҳбар” роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он  баррасии ҳамаҷонибаи дастоварду мушкилоти занони ҷумҳурӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон занони тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гардида, дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону бонувони кишвар имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, мавқеи зан – Модар дар ҷомеа баланд бардошта шудааст.

Кори форум аз ду бахш иборат буда, дар қисмати ифтитоҳӣ роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба  масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалишавии муносибат ба занону бонувон баромад хоҳанд кард.

Дар қисмати дуюми Форум, ки аз шаш ҳафт бахш ва қисмати ҷамъбастӣ иборат мебошад, аз ҷониби коршиносони соҳа масъалаҳои марбут ба занон ва мушкилотҳои ҳаёти занони ҷумҳурӣ мавриди баррасии илмӣ қарор дода мешавад.

  1. Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар идоракунии давлатӣдар қисмати сексионии Форуми мазкур масъалаҳои марбут ба фаъолияти занону бонувон дар идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаҳои марбут ба ин соҳа аз ҳисоби коршиносони соҳа аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳо ва ташкилотҳо мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, дар охир аз ҷониби иштирокчиёни сексияи мазкур қатънома қабул карда мешавад.
  2. Пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣдар қисмати мазкур масъалаи шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву эскстремистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаи мазкур ҳам аз лиҳози назарявӣ ва амалӣ мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Дар қисмати ҷамъбастии сексияи мазкур аз натиҷаи баррасии масъалаҳои мазкур қатънома қабул карда мешавад.
  3. Нақши занон дар рушди илм ва инноватсиядар қисмати мазкур нақши занону ҷавондухтарон дар рушди илм ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ихтирооту дастовардҳои занону бонувони кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи соҳаҳои гуногуни маориф ва рушди илму инноватсия дар кишвар фароҳам оварда шуда, занону бонувони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ихтирооту дастовардҳои зиёде ба даст овардаанд. Ёдовар бояд шуд, ки аз ҳисоби занон шумораи олимону ихтироъкорон дар кишвар афзоиш ёфта, дар самти илмҳои дақиқ ва  инноватсия дастовардҳои занону бонувон назаррас арзёбӣ карда мешавад. Дар қисмати ҷамъбасти масъалаҳои сексияи мазкур аз ҷониби коршиносон, таҳлилгарони масъалаи мазкур ва шунавандагони форум қатънома қабул карда мешавад.
  4. Пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавонмасъалаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеаи имрӯза буда, масъалаи зуроварӣ, таҳкими рукнҳои оиладорӣ, омилҳо ва роҳҳои устувории оилаҳои ҷавон мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати пешгирии ин омил дар ҷомеа таклифу пешниҳодҳо шунида мешавад. Дар ин маврид аз ҷониби иштирокдорони майдони табодули андеша қатънома қабул карда мешавад.
  5. Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвармасъалаи мазкур низ аз ҷониби коршиносони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, саҳми занону бонувони кишвар дар ин маврид  шунида мешавад. Бешубҳа, имрӯз нақши бонувон дар рушди соҳибкорӣ  назаррас арзёбӣ гардида, саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ карда мешавад. Бо роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони кишвар дар рушди соҳибкорӣ нақши назаррас дошта, онҳо дар тиҷоратҳои хурду бузурги кишвар саҳмгузор мебошанд. Дар қисмати хотимавии сексияи мазкур  ҷиҳати рушд, роҳҳои ҳалли масъала ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ  қатънома қабул карда мешавад.
  6. Нақши занон дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣдар ин қисмат аз ҷониби коршиносони соҳа масъалаи нақши занон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  шунида мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шудааст, ки  ин барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминагузорӣ менамояд.

Дар қисмати ҷамъбастии баррасии масъалаҳои мазкур  аз ҷониби коршиносон ва иштирокдорони ин қисмат қатънома қабул карда мешавад.

  1. Пешгирии бемории ВНМО/БПМН миёни ҷавондухтарону занон – омили асосии солимии миллат – масъалаи мазкур яке аз мушкилоти асосии ҷомеа буда, имрӯз шумораи гирифторони ин беморӣ рӯз то рӯз дар афзоиш буда, хатари ҷиддиеро барои солимии ҷомеаи шаҳрвандии ҷаҳонӣ пеш овардааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафарро ташкил дода, ҷиҳати пешгирии ин омил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст. Дар қисмати мазур масъалаи мазкур пурра мавриди баррасии амиқ қарор дода шуда, тадқиқот ва корҳои анҷомдодаи коршиносони соҳа ибрози назар карда мешавад.  Дар қисмати ҷамъбасти сексияи мазкур қатънома оид ба пешгирии ҳолатҳои мазкур қабул карда мешавад.

Қабули қатънома ва ҷамъбасти кори Форуми ҷумҳуриявии занонпас аз ҷамъбасти  кор дар сексияҳо ва қабули қатънома дар қисматҳо баррасии масъалаҳо дар толори калони Китобхонаи миллии Тоҷикистон  оғоз мегардад, пас аз шунидани таклифу пешниҳодҳо ва  баррасии масъалаҳои марбут ба соҳа дар толори калон ҷонибҳо  қатъномаи Форуми ҷумҳуриявии занонро дар соли 2019 қабул менамоянд.


08.10.2019 Нет комментариев