734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Курси омӯзишии “Мутобиқгардонии ҳунархои мардумии деҳот ба бозори касбӣ”

Аз 2 то 4 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе, КВД муассиси ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солхои 2019-2021” курси омӯзиши кутоҳмуддатро барои ҳунармандони деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ вобаста ба мутобиқгардонии ҳунарҳои мардумии деҳот ба бозори касбиро роҳандозӣ намуд.

Дар курси омӯзишӣ иштирокдорон тартиби дурусти духтани гулдузӣ, сузанӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумиро аз худ намуда, дар доираи ин ҳунармандони ҷавон тартиби духтани “Эко – сумка”- ро бо истифодаи техналогияи навин ва духтани гулдузиву чаканро бо усули навин ва муосир аз худ намуданд.

Дар охир, иштирокчиёни курс бо гувоҳномаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.


07.10.2019 Нет комментариев