734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти ҷавонону варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шодрӯзи Пешвои маҳбуби миллат

Муҳтарам Пешвои миллат,

Боиси ифтихору фараҳмандии мо ҷавонону варзишгарон аст, ки имрӯз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар диёри соҳибистиқлоли мо рӯз то рӯз зеботар мегардад ва мавқеи байналмилалии мамлакатамон дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон торафт мустаҳкам мешавад. Дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони давлатӣ низ таҳкими тоза меёбад.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Шумо, муносибат ва ғамхориҳо нисбат ба забони тоҷикӣ, ҳифзи асолат ва гиромидошту тозагии ин муқаддасоти давлатӣ боис гардид, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун далели арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ эътироф пайдо намуда, осори хаттии ҳазорсолааш дар ҷаҳон муаррифӣ пайдо намудааст.
Таъкидоти Шумо вобаста ба оламшумул гардидани номи давлатамон Тоҷикистон, миллати тоҷикон ва забонамон тоҷикӣ дар замири ҳар яки мо ҷавонону варзишгарони хушиқболи Ватан эҳсоси ифтихормандиро дучанд намуд.
Мо ҷавонону варзишгарони тоҷик хуб дарк менамоем, ки ин гуна тақдир на ба ҳамаи забонҳо насиб гардидааст.
Тавре, Шумо борҳо такрор менамоед: “Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст”.
Ҳамчунин, дар асари арзишманд ва пурмуҳтавои “Забони миллат- ҳастии миллат” зикр гардидани чунин нуқтаҳо, чун “танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”, мо ҷавонону варзишгаронро водор месозад, ки фарру шукуҳ ва аҳамияти оламшумули забони тоҷикиро устуворона ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ҳифз намоем.
Дар як рӯз тавъам омадани ду ҷашни бузург, таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва мавлуди мубораки Шумо, нишонаи шарофату шафоату шаҳомати ин рӯзи нек аст.
Мо ҷавонону варзишгарони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин рӯзи фирӯз бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, комрониву хушбахтӣ, пирӯзиву бурдборӣ, офияти ҳамешагӣ, саодати абадӣ ва дар амалӣ гардидани нақшаву ният ва мақсадҳои наҷибатон дар роҳи саодату созандагӣ, озодиву истиқлолият ва пойдории миллати тоҷик барору комёбиҳо таманно мекунем.

Бо ихлосу самимияти беандоза,
ҷавонону варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон


05.10.2019 Нет комментариев