734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷоми Пешвои миллат ҷамъбаст мегардад

5 октябри соли 2019, соати 16:00 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов маросими ҷамъбасти  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” ҷамъбаст мегардад.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот аввалин маротиба дар таърихи варзиши тоҷик бо доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир гардида, дар он беш аз як миллион сокини кишвар иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ, ки аз 1 то 5 октябр баргузор гардида истодааст, роҳхат пайдо намудаанд.

Мусобиқаи мазкур дар чор марҳила баргузор гардида, беҳтаринҳо аз рӯи намудҳои инфиродӣ ва даставӣ аз рӯи сину соли гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд.

Фонди ҷоизавии мусобиқаи мазкур 100000 сомониро ташкил дода, беҳтаринҳо мукофоти мазкурро соҳиб мегарданд.


05.10.2019 Нет комментариев