734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибони рӯзи дуюми Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд

 Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​  Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон дар сатҳи баланду  хотирмон идома дорад. Дар рӯзи дуюми ин мусобиқаи байналмилалӣ довталабони зиёд аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунар озмуданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, баъд аз рақобатҳои шадид ба даври ниҳоии вазни то 66 кг паҳлавони шинохтаи тоҷик  Ёқубҷон Боқиев ва намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азамат Мадяқубов роҳхат гирифтанд. Дар ин рақобат варзишгари тоҷик Ёқубҷон Боқиев аз ҳарифи ӯзбекистонии хеш шикаст хӯрда, мақоми дуюмро ишғол намуд. Паҳлавони 23-солаи ӯзбек Азамат Мадяқубов соҳиби медали тиллои вазни 66 килои мусобиқаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар соли 2019 гардид. Ҷойҳои сеюми вазни мазкурро Раҳматулло Сатторов ва Орифҷон Додов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба даст оварданд.

Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқаи мазкур рақобатҳо дар вазни 73 кг низ сурат гирифтанд. Барои ишғоли мақоми сеюм паҳлавони Тоҷикистон Наврӯз Каримзода бо Шоҳрӯз Бердиев аз Ӯзбекистон ба рӯи татамӣ баромаданд. Дар натиҷа намояндаи Ӯзбекистон пирӯз гардида, мақоми сеюмро ба даст овард. Нишони биринҷии дуюми вазни 73кг-ро Мирзоҷамил Рамазонов соҳиб гардид.

Дар даври ниҳоии вазни мазкур паҳлавони тоҷик Раҳматулло Фарҳодов бар ҳамтои ӯзбекаш Комронбек Олтибоев дастболо гардида, соҳиби нишони тилло гардид.

Ҷоми Президенти Тоҷикистон 2019 оид ба дзюдо.

Рӯзи дуюм

-66кг

  1. Азамат Матяқубов (Ӯзбекистон)
  2. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
  3. Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)
  4. Ориф Додов (Тоҷикистон)

-73кг

  1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
  2. О. Нумонов (Ӯзбекистон)
  3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)
  4. Шоҳрӯз Бердиев (Ӯзбекистон)

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳафтум аст, ки дар сатҳи баланд баргузор мегардад ва он бори аввал дар вилояти Суғд доир шуда истодааст. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200 нафар варзишгарони кишварҳои минтақа иштирок доранд. Мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг гузаронида шуда,аз  рӯзи 2 то 5 октябри соли равон  идома меёбад.


04.10.2019 Нет комментариев