734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Файзобод ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо ҷавонони ноҳияи Файзобод муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кулобро ҷиҳати номгузори намудани бузургтарин иншооти аср НБО – и “Роғун” ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бори дигар эълон доштани Пешвои маҳбубамон ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Пешвои муазами миллат ҳақиқатан тавонист дар як муддати кутоҳ Тоҷикистони азизамонро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳад. Се ҳадафи асосии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бунбасти комуникатсиони баровардани кишвар, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ-ро ҳануз дар даврони аввали роҳбариаш Пешвои миллат эълон дошта буданд, амалӣ гашт.

Дар ин муддати кутоҳ алакай ҷаҳон пешниҳодҳои Тоҷикистонро ки зери роҳбарии Пешвои маҳбуб сурат гирифт, якдилона дастгирӣ намуданд ва дар амалишавиаш тамоми қувва ва нерӯи худро равона сохтанд. Аз минбарҳои ҷаҳони бо пуштибонӣ аз дини мубини Ислом баромад намуда, ба ҷаҳониён ҳушдор доданд, ки терористон дин, ойин, мазҳаб, Ватан надоранд, Ислом асло дини терористию экстремистӣ нест ва нахоҳад буд.

Маҳз дар даврони истиқлолият ҷавонон имкониятҳои зиёдеро баҳри пайдо намудани донишҳои нав бархурдор шуда, имрӯз дар тамоми гушаю канори олам кору зиндагӣ менамоянд. Дар минтақаҳои гуногуни Ватани азизамон ифтитоҳи донишгоҳу донишкадаҳо нишони возеҳи ғамхори нисбат ба ҷавонон мебошад.

Ҳамаи ин ғамхориҳоро, ки баҳри зиндагии шоистаи ҷавонон мебошад. Бинобар ин мо ҷавонони ноҳияи Файзобод ҳамаи ин заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои худро ба назар гирифта, пешниҳод менамоем, ки муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон вобаста ба Пешвои миллат унвони дукарати Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуда, Бузургтарин иншооти аср НБО-и Роғун ба номи Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Муроҷиатномаи мазкур аз ҷониби ҷавонони ноҳияи Файзобод якдилона дастгирӣ ёфта, ба Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ пешниҳод карда мешавад.
Бо эҳтиром, аз номи кулли ҷавонони ноҳияи Файзобод.


26.09.2019 Нет комментариев