734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд.

Аҳли заҳмати 16 шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунару маҳорати баланди нонпазии кадбонувони ноҳия шинос шуданд. Сокинони шукргузори ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо бо заҳмати аҳлона ба дастоварду натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегарданд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ дар дегҳои алоҳида пухтани таҳмол, далда, ду намуд ҳалво, оши палав ва дигар намуди ғизоҳои болаззат муаррифӣ гардид. Таомҳои миллии мо дар олам бо таъму лаззати ба худ хос беҳамто буда, шаҳодати соҳибтамаддун будани тоҷикон аст.

Ҳунармандони чирадасту хушсалиқаи ноҳия аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ илҳоми тоза гирифта, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, аз қабили кулолгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, ҷомадӯзӣ, кашидадӯзӣ, либосҳои миллӣ ва амсоли ин камари ҳиммат бастаанд. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ва таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷӣ ба давлати мо ҳунармандони чирадасти ноҳияро водор кардааст, ки барои сайёҳон армуғонҳои зебову дилкаш омода созанд.

Дар маҷмуъ, дар намоиши маҳсулоти нонӣ таомҳои миллӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дастранҷи ҳунармандони бомаҳорати ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо завқу салиқаи баланд офарида шудаанд, ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавӣ эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои бойи ниёгон метавонад миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳанро пойдору устувор нигоҳ дорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати баланди аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд дода, ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии арзандаи он дар арсаи байналмилалӣ ба сокинон ҳидоятҳои судманд доданд.


26.09.2019 Нет комментариев