734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Боздид аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон: Тоҷикистон биҳишти рӯи Замин аст!

Субҳи имруз ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустон ба шаҳри Ҳисор сафар намуданд. Сафари ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустон дар доираи баргузории аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистон Ҳиндустон сурат гирифт.

Ҳайати меҳмонон зимни сафар ба шаҳри Ҳисор аз мавзеъи таърихию сайёҳии “Қалъаи Ҳисор” дидан намуда, бо таърихи куҳани ин меҳан, ёдгориҳои таърихӣ, расму оинҳои миллӣ, либосҳои миллӣ ва дигар анъанаҳои неки мардуми тоҷик аз наздик ошно гардиданд.

Ҳайати ҷавонони Ҳиндустонро муовини раиси шаҳри Ҳисор ва дигар шахсонӣ расмӣ истиқбол намуданд. Барои пешвози меҳмонони олиқадр мавзеъи таърихию сайёҳии “Қалъаи Ҳисор” ороста шуда, меҳмононро чун анъанаи неки миллати тоҷик бо нону намак пешвоз гирифтанд.


25.09.2019 Нет комментариев