734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ифтитоҳи озмоишгоҳи инноватсионӣ дар ноҳияи Деваштич

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар ноҳияи Деваштич «Озмоишгоҳи инноватсионӣ» ва ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар маросими ифтитоҳи марказҳои мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Ҷаноби Лучиано Калестин ва раиси ноҳияи Деваштич  Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иштирок намуданд.
Озмоишгоҳи инноватсионӣ аз як утоқи корӣ ва як лабаратория иборат буда, он дар доираи стандарҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шудааст. Озмоишгоҳ бо таҷҳизотҳо наву замонавӣ муҷҷаҳаз гардида, пайваст бо хати ҷаҳонии интернет мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар доираи стандарҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шуда, дар он таҷҳизотҳои наву замонавӣ насб карда шудаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич барои ҷавонону наврасон ва занони хонашин аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии курсҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, рассомӣ, компютерӣ ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба таври ройгон роҳандозӣ карда шудааст.


20.09.2019 Нет комментариев