734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


9 голи беҷавоби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Кувайт

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ғалабаи дуюми пайиҳамро дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” ҷашн гирифт.

Бозиҳои даври сеюм шоми 18 сентябр дар баргузор шуд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев ин бор ба дарвозаи тими наврасони Кувайт 9 голи беҷавоб заданд.
Дар ҳайати дастаи мо Кабир Салимшоев ва Абдулфатоҳ Худойдодзода дуголӣ, Муҳаммадворис Сайдалиев, Сунатулло Азизов, Меҳрубон Каримов, Хусрав Тоиров якголӣ заданд. Як тӯби дигарро худи кувайтиҳо вориди дарвозаашон карданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ мизбони бозиҳои гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Урдун бар тими Шри Ланка бо ҳисоби 7:0 ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, баъд аз се давр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо шашхолӣ пешсафанд.
Фардо – 20 сентябр дар даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” футболбозони навраси мо муқобили ҳамсолонашон аз Непал вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ – соати 22:00 бо вақти Душанбе. Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои Урдун – Кувайт сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»

1-ум давр
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

2-юм давр
Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 9:0
Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Урдун – Шри Ланка – 7:0

4-ум давр
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

5-ум давр
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри Ланка – Непал
22:00. ТОҶИКИСТОН – Урдун

Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе


19.09.2019 Нет комментариев