734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Таронаи Истиқлол

Шоми дирӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони дорои ҳунари наттоқӣ, сарояндагӣ ва ҳунармандони ҷавони кишвар барномаи адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Таронаи Истиқлол” баргузор гардид.

Дар барномаи мазкур саҳнаи театркунонидашудаи адабӣ, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, қироати шеърҳо, рақсҳои дилнишин ба намоиш гузошта шуда, мақбули ҳамагон гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам дар барномаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.


18.09.2019 Нет комментариев