734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо Валериу Кивер

Субҳи имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Валериу Кивер мулоқот намуданд.
 
Дар доираи мулоқот масъалаи татбиқии ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон мавриди барррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳои ҷиҳати баргузории чорабиниҳои дуҷониба, форуму конфронсҳои муштарак, табодули таҷриба ва амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон бо усулу методҳои навини муосир ба тавофуқ расиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгароию террорисӣ ибрози назар намуда, ин падидаи номатлуби иҷтимоиро маҳкум намуданд.
 
Ҳамзамон, ибрози назар карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон яке аз давлатҳои пешқадам дар Осиё ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон дар ин кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
 
Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.


17.09.2019 Нет комментариев