734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол    барои иштирок дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба Урдун сафар намуд.

Мавриди ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур аз 14  то   22  сентябри соли  равон баргузор мешавад. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  Аҳлиддин Турдиев исми 23 футболбоз, аз ҷумла, 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро ба  рӯйхат шомил намудааст. Дар марҳилаи интихобӣ  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  шомили гурӯҳи «А» буда, бо дастаҳои  мунтахаби  Урдун, Кувайт, Шри-Ланка ва Непал рақобат мекунад. Футболбозони тоҷиқ бозии нахустини хешро дар ин мусобиқа 16 сентябр ба муқобили  дастаи мунтахаби Шри-Ланка доир мекунанд. Баргузории ин бозӣ соати 19:00, бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 47 даста иштирок доранд, ки онҳо ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз марҳилаи интихобӣ ба даври ниҳоӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва боз чор дастаи беҳтарине, ки зинаҳои дуюмро ишғол намудаанд, роҳ меёбанд.

Ҳайати  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон U-16 дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Суҳробхуҷа Юсупов (ҳарду – Академияи футболи ФФТ), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Соро компания»);

Ҳимоятгарон: Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёри Иноятулло, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Саиҷон Сафаров, Раҳматшо Раҳматзода (ҳама – Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Аббос Андалибов, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода, Муҷовид Шовайсудинов (ҳама – Академияи футболи ФФТ);

Ҳамлагарон: Сунатулло Азизов, Абдулфатоҳи Худойдодзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – Академияи футболи ФФТ), Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»);

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Гурӯҳи «А»

Бозии 1-ум

14 сентябр (шанбе)

19:00 – Непал – Урдун

22:00 – Кувайт – Шри-Ланка

Бозии 2-юм

16 сентябр (душанбе)

19:00 – Шри-Ланка – ТОҶИКИСТОН

22:00 – Кувайт – Непал

Бозии 3-юм

18 сентябр (чоршанбе)

19:00 – ТОҶИКИСТОН – Кувайт

22:00 – Урдун – Шри-Ланка

Бозии 4-ум

20 сентябр (ҷумъа)

19:00 – Урдун – Кувайт

22:00 – Непал – ТОҶИКИСТОН

Бозии 5-ум

22 сентябр (якшанбе)

19:00 – Шри-Ланка – Непал

22:00 – ТОҶИКИСТОН – Урдун

Эзоҳ: баргузории ҳамаи рақобатҳо бо вақти Душанбе дар назар аст.

Хотиррасон менамоем, ки   дастаи мунтахаби наврасони  то 16- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки 28  август дар шаҳри Нур-Султон ба анҷом расид, мақоми дуюм касб намуда, барандаи медалҳои нуқра гардида буданд.

Дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон   дар бозии ниҳоӣ аз дастаи  мунтахаби наврасони то 17-солаи   Қазоқистон   бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки бори дувоздаҳум доир гардид, бар ҳамсолонашон аз Арманистон ва Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ мақоми аввал касб намуда буданд.

Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон   барои ҷойи дуюм ба ҷуз аз медалҳои нуқра бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА сарфароз гардид. Дастаи ғолиб – дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) — бо медалҳои тилло ва 7 000 доллари ИМА мукофотонида шуд. Ба  дастаи мунтахаби наврасони Литва (U-17), ки ҷойи сеюмро гирифт, медалҳои биринҷӣ ва 3 000 доллари ИМА тақдим гардид.

Бозингари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқа бо ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгари Ҷоми Президенти Қазоқистон сарфароз гашт.

Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Арманистон (U-17) – Қирғизистон (U-16) – 2:1

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Қазоқистон (U-16) – Литва (U-17) – 2:3

Финал

Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 3:0

Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019

Гурӯҳи «В»

Бозиҳои  даври дуюм

Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2

Голҳои Тоҷикистон: Раҳматшо Раҳматзода, Муҳаммадворис Сайдалиев

Гурӯҳи  «В»

 Бозиҳои даври  якум

Арманистон (U-17) – Қазоқистон (U-16) – 2:2

 Тоҷикистон  (U-16) – Арманистон (U-17) – 2:1

Голҳои  Тоҷикистонро Сунатулло Азизов, Муҷовид Шовайсуддинов заданд.

Бояд гуфт, ки  1 августи соли 2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд.

Ин вохӯрии ниҳоӣ пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони чемпиони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро соҳиб шуд.

Медали нуқраи мусобиқоти мазкурро дастаи  мунтахаби наврасони Ӯзбекистон сазовор шуд. Дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барандаи медалҳои биринҷӣ гардид. Бозингарони навраси  тоҷик бори дигар исбот намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон босуръат рушд карда, ояндаи наздик дар мамлакати мо низ футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ ба камол мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки президенти Федератсияи  футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ   дар кунгураи 4-уми CAFA, ки 24 апрели имсол дар Душанбе доир гардид, президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии охирин миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Афғонистон  шоми    1  август  дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе доир гардид, Рустами Эмомалӣ ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои CAFA –ро супорид.

Дастаи ғолиб аз Тоҷикистон бо Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тилло сарфароз гардид. Дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра ва дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҷоизаи «Бозингари беҳтарин» ба Муҳаммадворис Саидалиев, узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тақдим гардид. Ҷоизаи «Нишонзани беҳтарин» насиби Аҳмад Зикриё Ҳусайнӣ, узви дастаи  мунтахаби наврасони Афғонистон шуд. Ӯ дар ин мусобиқот се гол задааст.

Президенти ФФТ ва CAFA Рустами Эмомалӣ бо бозингари беҳтарини Чемпионати CAFA-2019 Муҳаммадворис Саидалиев ҷоиза супорид.

Ба дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон ҷоизаи Fair Play (Бозии шаффоф) супурда шуд.

Даври 5-ум

Қирғизистон – Эрон – 0:5

 Ӯзбекистон – Туркманистон – 4:0

 Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Хотиррасон  мешавем, ки  30   июл   дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаи   мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии даври чоруми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дастаи  мунтахаби  наврасони   Эронро   бо ҳисоби калони   3:0 мағлуб  намуд. Тӯбро аз дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  дар ин дидори ҷолиб Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд. Бозии дигар байни дастаҳои мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбозони навраси ӯзбек хотима ёфт. Дар  як вохӯрии дигар дастаи  мунтахаби наврасони   Туркманистон бар  дастаи наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад  Дар айни замон дастаи  мунтахаби  наврсони Тоҷикистон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал мебошад.

Даври  4-ум

Эрон – Тоҷикистон – 0:3

Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Сунатулло Азизов, 70+3 (0:3).

Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3

Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллоев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).

 Туркманистон  – Қирғизистон  – 1:0

Голҳо: Муҳамметалӣ Кишиков, 55.

29  июли  соли равон   даври сеюми   Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор гардид. Дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони  Қирғизистон  аз дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва футболбозони Эрон  аз дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо натиҷаи  1:0 шикаст хӯрданд.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3

Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди  Тинибеков, 46 (2:3).

 Голҳо:

Эрон – Афғонистон – 0:1

 Голҳо: Аҳмад Закарёи    Ҳуссайнӣ, 66.

26 июли соли равон дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври 1-уми Чемпионати CAFA   бо  дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.

Дар бозиҳои  дигари  гурӯҳ дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, дастаи  мунтахаби  наврасони Қирғизистон дидорро  бо дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Даври 1-ум

Ӯзбекистон – Тоҷикистон  – 1:1

 Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

 Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

Афғонистан – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).

27 июли соли 2019  дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Бозии ин дастаҳо  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.

Дар бозиҳои дигар  дастаи  мунтахаби  наврасони  Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 1:0  ва  дастаи  Эрон бар  дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Даври 2-ум

 Тоҷикистон – Қирғизистон – 2:0

 Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

 Голҳо: Аҳмад Закарёи  Ҳуссайнӣ, 22.

Ӯзбекистон – Эрон – 1:2

 Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.

Мо  ба дастаи мунтахаби футболи  наврасони  то 16- солаи Тоҷикистон  дар бозиҳои  интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки  дар Урдун доир мегардад,  пирӯзӣ хоҳонем!


13.09.2019 Нет комментариев