734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“Ҷоми Пешвои миллат” дар марҳилаи сеюм расид

14 – 15 сентябри соли 2019 марҳилаи интихобии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” оид ба шоҳмот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Марҳилаи интихобӣ барои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар ноҳияи Рашт баргузор гардида, мусобиқаи мазкурро Абдурасулов Муҳаммад ва Абдуллоев Мумин доварӣ менамоянд.
Марҳилаи интихобӣ дар минтақаи Ҳисор дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардида, дар мусобиқаи мазкур Зарипов Рустам ва Солеҳов Манон беҳтаринҳоро муайян менамоянд.
Тибқи иттилои Абдуллоев Мумин – директори муассисаи давлатии макатаби варзишии ноҳияи Рашт барои баргузории мусобиқаи мазкур ба варзишгарон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, мусобиқаи мазкур бо иштироки беҳтарин чеҳраҳои варзишии ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат аз 10 июн то 8 июл дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимии олию миёна, даври дуюм аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум, даври сеюм аз 5 то 25 сентябр дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони даври дуюм ва даври ниҳоӣ аз 1 то 5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ бо баргузории фестивали оммавӣ баргузор карда мешавад.
Барои ҷои якуми даставӣ 30 000 сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 000 сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 000 сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
 


13.09.2019 Нет комментариев