734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Сабрина Абророва медали нуқра ба даст овард

Дар чемпионати Осиёи ғарбӣ оид ба шоҳмотбозӣ байни шоҳмотбозони наврас тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сабрина Абророва намояндагӣ намуданд.
Чемпионати мазкур дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ баргузор гардида, намояндагии 10 давлати дунё дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқа 336 шоҳмотбозон аз рӯи 8 сину сол миёни ҳам рақобат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки чанде қабл шоҳмотбози ҷавону умедбахш – Абророва Сабрина миёни духтарони 14 сола дар шоҳмоти зудбозӣ (рапид) сазовори ҷойи 2 ва медали нуқра гардида буд.
Дирӯз ин варзишгари навраси кишвар аз рӯи шоҳмоти маъмулӣ (стандарт) сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин барои ҳар яки мо мояи ифтихор ва сарфарозист.
Ёдовар бояд шуд, ки Сабрина Абророва ҷоизадори чемпионати Осиё дар соли 2018 ва ғолиби бозиҳои ҷаҳонии соли 2019 мебошад. Умед ҳаст, ки ин варзишгари навраси кишвар дар мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ғолибият ба даст оварда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардорад.
 


13.09.2019 Нет комментариев