734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис

Аз 23 – 27 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 17 – сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико иштирок менамоянд.

Ҷумҳурии моро 35 нафар варзишгарон дар ин мусобиқа намояндагӣ менамоянд. Қувваозмоиҳо миёни варзишгарон дар корти тенниси “Роҳи оҳан” – и шаҳри Душанбе доир мегарданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cоли даҳум аст, ки бо иштироки беҳтарин теннисбозони наврасу ҷавони қитъаҳои гуногуни олам доир карда мешавад.

Мусобиқа 4 рӯз дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ миёни писарону духтарон идома ёфта, дар ҷамъбаст ба ғолибон 1000 доллари ИМА, ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим мегардад.
Имрӯз соати 16:00 маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар корти тенниси “Роҳи оҳан” – и шаҳри Душанбе доир мегардад.


23.08.2019 Нет комментариев