734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Аҳтам Абдуллозода бо Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуданд

Имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи ҳамгироӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, ташкили чорабиниҳои гуногуни муштарак, таъсис лоиҳаҳои нави иноватсионӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ибрози назар карда шуд.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ба мувофиқа расиданд.


08.08.2019 Нет комментариев