734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Истиқбол дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

Субҳи рӯзи 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гунногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи хушманзараи Калтачанори ноҳия роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талоши созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш беҳтару хубтар шуд.

Истиқболи самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию ободонии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.


06.08.2019 Нет комментариев