734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғалабаи навбатии Баҳодур Усмонов

Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар 21-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид.

XXI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт.
Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг бар се муштзани кишвари мизбон – Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
5 варзишгари дигари мо – Шермуҳаммад Рустамов (49кг), Бахтовар Сагизов (56кг), Наврӯз Ҷафоев (75кг), Далерҷон Сулаймонов (91кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) сазовори се медали тилло, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.


04.08.2019 Нет комментариев