734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Турсунзода: мулоқоти варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш бо Дилшод Назаров

Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо ҷавонону варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш суҳбату мулоқотҳоро доир намояд.

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров  бо варзишгарон, масъулини соҳа  ва ҷавонони шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи варзиш дар 28 соли соҳибистиқлолӣ такони ҷиддӣ  ба вуқуъ пайваста, варзишгарони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи баланди байналмилалӣ иштирок намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намоянд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарон муовини раиси Кумита Дилшод Назаров аз иншоотҳои варзишии шаҳр дидан намуда, бо ҳолати мактабҳои варзишӣ ошно гардиданд.

 

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Рӯзи варзишгарон мулоқоти роҳбарияти Кумита бо масъулини соҳаи варзиши кишвар ва варзишгарон дар назар дошта шудааст.


02.08.2019 Нет комментариев