734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад

Ҳамасола дар кишвар  10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо иштироки васеи ҷавонону варзишгарон дар сатҳи баланду зарурӣ доир карда мешавад.

Бо ин мақсад имсол аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо варзишгарони кишвар доир мегардад.

Ҳамзамон, баргузории мулоқоти собиқадорони соҳаи варзиш бо варзишгарони шинохтаи кишвар таҳти унвони “Дидори наслҳо” баргузор карда мешавад. Дар ин мулоқот собиқадорони соҳа вобаста ба пешрафту дастовардҳои варзишии кишвар ва муқоиса ба солҳои пешин андешаронӣ менамоянд. Мулоқоти мазкур метавонад ҳамчун як намунаи олии дарси ибратомӯз барои пешрафт ва дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар дар даврони 28 соли соҳибистиқлолии кишвар бошад.

Дар доираи нақша чорабиниҳои мазкур аёдати собиқадарони соҳаи варзиш, варзишгарони имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шуда, кумакҳои яквақтаина аз ҷониби Кумита ба онҳо расонида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиши варзишгарони Тоҷикистон таҳти унвони “Бо Пешвои варзишпарвари худ ифтихор дорем” дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳои кишвар ба нақша гирифта шуда, баргузории бо иштироки васеи варзишгарони кишвар ва ҷавонону наврасон доир карда мешавад.

Инчунин, 10 августи соли 2019, соати 6:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо доираи васеи варзишгарон ва мураббиёну алоқамандони соҳаи варзиш доир карда мешавад.

Дар ин замина, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошноӣ аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвар сайёҳати варзишгарони кишвар ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор дар назар дошта шудааст.  Дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур барои варзишгарони кишвар барномаи мутантани фарҳангӣ бо иштироки саронядагону навозандагони шинохтаи кишвар дар назар дошта шудааст.

Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи варзиш дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, ҳазорон майдончаву варзишгоҳ, маҷмааву макони тамринии варзишгарон сохта ба истифода дода шудааст.

Дар натиҷаи ғамхориҳои варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон ҷавобан ба ин ҳама шароитҳои мусоиди фароҳамовардашуда варзишгарони тоҷик танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 ба хазинаи варзиши кишвар 231 медал ворид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 134 медал зиёд мебошад.


27.07.2019 Нет комментариев