734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Варақаи иттилоотиро дастрас намоед…

Ба таваҷҷуҳи кормандони ВАО, журналистон ва рӯзноманигорони кишвар расонида мешавад, ки 30 июли соли 2019, соати 9:00 дар маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумита бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин давра 17210 чорабинӣ бо фарогирии 2,960 429 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор намуд, ки дар самти кор бо ҷавонон 10764 чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ, омӯзишию илмӣ, сиёсию иттилоотӣ бо фарогирии 1670386 нафар наврасону ҷавонон ва дар самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила оммавигардонии варзиш 6446 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 1290043 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 304672 нафар бонувон амалӣ гардонида шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018, 280 чорабинӣ ё 2 % ва шумораи фарогирӣ 186933 нафар ё 6 % зиёд гардидааст.

Шумо метавонед дар линки зерин вобаста ба фаъолияти нимсолаи Кумита маълумотҳоро дастрас намоед.

Варақаи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2019

Марҳамат, ба нишасти матбуотӣ!

 

 

 

 


27.07.2019 Нет комментариев