734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Футболи тоҷик як зина боло рафт

25 июли соли 2019 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхат ё худ раддабандии нави  дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин бора дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Тибқи иттилои манбаъ, дар рейтинги мазкур  дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 119-ум қарор гирифт. Ҳоло дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби  Белгия бо касби 1746 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби  Бразилия бо   1726 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи  мунтахаби Франсия бо касби 1718 хол ҷойгир шудаанд.

Раддабандии нави ФИФА:

  1. Белгия (1746 имтиёз)
  2. Бразилия (1726)
  3. Франсия (1718)
  4. Англия (1652)
  5. Уругвай (1637)
  6. Португалия (1631)
  7. Хорватия (1625)
  8. Колумбия (1622)
  9. Испания (1617)
  10. Аргентина (1610)


26.07.2019 Нет комментариев