734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибияи навбатии “Истиқлол”- и Душанбе

Шоми дирӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 10-уми Лигаи олии Тоҷикистон бо дастаи футболи «Панҷшер» -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рақобат намуд.
 
Бояд зикр кард, ки ин дидори ҷолиб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи қаҳрамони феълии мамлакат- дастаи футболи «Истиқлол» хотима ёфт. Баъди ин пирӯзӣ дар Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 28 хол мавқеашро дар садри ҷадвали Лигаи олии Тоҷикистон мустаҳкамтар намуд.
 
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозии ояндаи хешро 2 августи соли равон дар доираи рақобатҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар муқобили дастаи футболи «Барқчӣ»-и Ҳисор баргузор мекунад.
 
Чемпионати Тоҷикистон. Бозии мавқуфмондаи даври 10-ум.
 
«Истиқлол» — «Панҷшер» — 2:0
 
Голҳо: Шериддин Бобоев, 2 (1:0). Маҳмараҷаб Ҷобиров, 50 (худгол) (2:0).
 
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Зоир Ҷурабоев (Алексей Ларин, 65), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Комрон Турсунов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳром Сулаймонов.
 
«Панҷшер» (Ҷ. Балхӣ): Годсон Куйае, Маҳмараҷаб Ҷобиров, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Шавкат Худойназаров (Аҳлиддин Ёров, 87), Ҳасан Холов, Маҳмуд Ғаюров (Аюб Ҳакимов, 76), Хайриддин Турахонов (Қурбонҳусейн Ёрҳусейнов, 86), Хуршед Абдуллоев, Шарифҷон Қодиров, Сулаймон Собиров, Ҷурабек Юсупов.


25.07.2019 Нет комментариев