734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Италия таъсис ёфт

Дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Италия хуб ба роҳ монда шуда, дар доираи созишномаҳои муштарак ҳамкориҳои ҷонибҳо дар сатҳи олӣ қарор дорад.

Дар заминаи сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Италия таҳсили илм намоянд. Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар ин давлат дар бонуфузтарин макотибҳои олӣ таҳсили илм намуда, ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишу маҳорат ва истеъдоди хеш Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намуда истодаанд.

Дар мувофиқа бо раиси Шӯрои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Италия таъсис дода шуда, роҳбари маҳфил Шоҳрух Юнусов таъин гардид.

Шоҳрух Юнусов донишҷӯёи Консерваторияи давлатии Милан ба номи Ч.Вердӣ буда,дар гуруҳи буҷавӣ дар зинаи бакалаврият таҳсил намуда истодааст.

Акнун донишҷӯёни тоҷик дар Италия метавонанд чорабиниҳои гуногунро дар якҷоягӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия  доир намуда, мунтазам дар мусобиқаву озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзанд.


22.07.2019 Нет комментариев