734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти судманд бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид

Дирӯз дар бинои Кумитаи миллии олимпии кишвар мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилнозаи Даврон бо роҳбари барномаҳо оид ба рушди устувори иқтисодии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Ҷалилова доир гардид.
 
Ҷонибҳои барои ҳамкориҳои мутақобилан судман дар самти татбиқи ҳамгироӣ дар роҳи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон изҳори сипос намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҳамкориҳои минбаъда ба тавофуқ расиданд.
 
Зимни нишаст масъалаҳои тавиқяти ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо гуруҳҳои ифротгароӣ ва хушунатомез, татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, баргузории чорабиниҳои муштарак ва ҷалби васеи ҷавонон дар баргузории чорабиниҳои маърифатӣ баррасӣ гардида, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои густурдаву судманд ба тавофуқ расиданд.


03.07.2019 Нет комментариев