734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар деҳаи Навдӣ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми гушаву канори мамлакат бо як суръати баланд идома доранд.

Дар доираи тадбирҳои зикргардида дар деҳаи Навдии ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ майдончаи хӯрди футбол ҷавобгу ба стандартҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Майдончаи мазкур дар масоҳати беш аз 600 метри мураббаъ бо сифати баланд сохта шуда, дар сохтмони иншооти мазкур масолеҳи баландсифат истифода шудааст.  Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи апрели соли 2019 оғоз гардидааст.


01.07.2019 Нет комментариев