734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Волонтёрон ба омӯзиш рафтанд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ва ташаккул додани ҳаракати волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 то 3 июли соли 2019 лагери омӯзиширо таҳти унвони “Ҷавонон – Пайрави Пешвои миллат” роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар лагери омӯзишӣ зиёда аз 50 нафар волонтёрони Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ он иштирок намуда, муддати се рӯз ба омӯзишҳои назарявӣ ва амалӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар доираи баргузории легери омӯзишӣ вобаста ба ташаккул додани маҳорату малакаи волонтёрон ҳамчун мураббӣ (тренер), семинарҳои маърифатӣ-иттилоотӣ, ва омода намудани волонтёрон ба ҳайси роҳбар дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, омузишию оммавӣ ва тарбиявию идоракунӣ семинару машваратҳои иттилоотӣ доир карда мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки лагери омӯзишӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷонибаи Кумита бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Дар охир ба иштирокчиёни фаъоли семинарҳои омӯзишӣ диплом ва сертификат дода мешавад.


01.07.2019 Нет комментариев