734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ваҳдати миллӣ мароми мост

Бо мақсади дар сатҳи баланду зарурӣ доир намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ силсила чорабиниҳои илмӣ – маърифатӣ, фарҳангӣ фароғатӣ, аёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва баргузории мусобиқаҳои оммавию варзишӣ доир карда шуд.

Дар чорабиниҳои мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҷавонону варзишгарон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ – ро бахшида ба ин рӯзи фархунда табрик ва муборакбод намуданд.

Баргузории мулоқоту вохуриҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Рушон, Шуғнон, Хоруғ, Роштқалъа доир карда шуда, шумораи зиёди ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Тадбири мазкур бо мақсади огоҳӣ ёфтани ҷавонони маҳаллӣ дар самти ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва расидан ба қадри заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳу бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад.

Дар доираи тадбирҳои мазкур аз ҷониби масъулини Кумита аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, бепарастор ва камбизоат роҳандозӣ карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона ва кумаки яквақтаинаи молию пулӣ тақдим карда шуд.

Зикр гардид, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва камбизоат ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ҳама маврид аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.

Ҳамзамон, дар доираи нақшаи мазкур мулоқоту вохӯриҳо бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди вилоят доир карда шуда, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ низ баргузор карда шуд.


01.07.2019 Нет комментариев