734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастоварди варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Леонид Юртаев

Аз 18 то 26 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми Леонид Юртаев” баргузор гардид.

Дар мусобиқа 160 нафар шоҳмотбозон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон  ва Қирғизистон барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар категорияи “А” Ҳотамӣ Мутриба миёни занҳо бо гирифтани мақоми аввал шарафёб гардида, соҳиби медали тиллои мусобиқа ва мукофотпулӣ гардид.

Каримова Сарвиноз низ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мақоми сеюмро каб намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро Каримов Алишер, Мутриба Ҳотамӣ ва Каримова Сарвиноз намояндагӣ намуданл, ки ба хазинаи варзиши тоҷик ду медао ворид намуданд.


29.06.2019 Нет комментариев