734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ бахшида ба таҷлили 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 29 июни соли ҷорӣ соати 17:00 ташкил ва баргузории намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон таҳти шиори «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар боғи фаҳангию фароғатии Куруши Кабир пешбинӣ гардидааст.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур бори дигар ҷалби насли ҷавон ба ҳунаромӯзӣ ва ҳунармандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар намоиши мазкур гӯшаи ҳунарҳои мардумии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияи нав, Вазорати фарҳанг, Кумита рушди сайёҳӣ,  Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкил ва манзури тамошобинон карда мешавад.


28.06.2019 Нет комментариев