734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пешвои ваҳдатофар – роҳнамои ҷавонон сӯи музаффариятҳо

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, рӯзи 25 июни соли равон дар толори Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои ваҳдатофар – роҳнамои ҷавонон сӯи музаффариятҳо» ташкил ва баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур наздикии 120 нафар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, гирандагони стипендияҳои Президентӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур ба 50 нафар ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мақолаҳои «Меҳри Ватан» ва «Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан» ва иншои озод дар мавзӯи «Душанбе қалби миллати ман» аз ҷониби масъулини Кумита бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.


26.06.2019 Нет комментариев