734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни бунёди боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукуҳу шаҳомати нав зам менамояд. Қобил ба зикр аст, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад.

Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ аввали соли 2019 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуданд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Тоҷикобод иқдоми нек арзёбӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин дар назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни бунёди Боғи фарҳангу фароғатии ноҳия аз наздик шинос шуданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати 2,30 гектар бунёд гардида, барои истироҳати сокинон, хусусан кӯдакон пешбинӣ гардидааст ва макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатии ноҳия хоҳад шуд. Тарҳ ва симои боғи бунёдшаванда пурра ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ буда, дар рафти рангуборкунию ороиши он усулҳои миллӣ низ истифода мешавад.

Дар назар аст, ки боғи мазкур то истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта шуда, баъди ба истифода додани он наздики 20 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.


25.06.2019 Нет комментариев