734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Рухшона Саидова дар чемпионати Осиё оид ба шоҳмот ҷойи сеюмро ишғол намуд

Дирӯз 20 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон ва ҷавонон расман ифтитоҳ гардид. Дар чемпионат 187 нафар шоҳмотбоз аз 16 давлати  Осиё миёни ҳам рақобат менамоянд, ки дар қотари дигар давлатҳо шоҳмотбозони тоҷик иштирок доранд.

Дар ин чемпионат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тими мунтахаби кишвар оид ба шоҳмот намояндагӣ карда, алакай дар рӯзи аввали рақобатҳо наврасони тоҷик бо гирифтани мақомҳои ифтихорӣ шарафёб гардиданд.

Ҷамъбасти чемпионат 29 июн ҷамъбаст мегардад ва ғолибони чемпионат имкони иштирок дар чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмотро пайдо менамоянд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Рухшона  дар шоҳмоти зудбозӣ (рапид) миёни ҷавондухтарони 15 сола ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб гардид.

Рақобатҳо дар чемпионати Осиё оид ба шоҳмот дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон идома доранд.


21.06.2019 Нет комментариев