734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд

14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ маҷмуъи васеи муносиботи дӯстию бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ дар ҳошияи чорабинии сатҳи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда, меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардумони кишварҳо барои идомаи рушди муносибатҳои шарикию стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, инчунин дигар ҳамкорӣ соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, муҳокима гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҳалли мушкилоти сиёсии Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва дигар зуҳуроти нангин дар маркази таваҷҷуҳи сарони давлатҳо карор гирифт.

Дар робита ба таҳкими равобити фарҳангию гуманитарӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ, «Рӯзи Душанбе дар Тошканд» ва «Рӯзи Тошканд дар Душанбе» зарур шуморида шуд.


14.06.2019 Нет комментариев