734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Иштироки ҳайати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12- умин ҷаласаи Шӯрои ҷавонони СҲШ

12- умин ҷаласаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай  имсол аз 12 то 16 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумхурии Қирғизистон баргузор мегардад.

Дар ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласа Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Владимр Норов ва ҳайатҳои миллии Федератсия Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷумҳуриҳои Қазиқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белоруссия, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда истодаанд.

Ҳайатҳои намояндагӣ вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, раванди амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои аъзо ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ дар соли 2019 ибрози назар намуда, вобаста ба таҳияи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои минбаъда таклифу пешниҳодҳои давлатҳои аъзо шунида шуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз намудан, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва ҷавонони имконияташон маҳдуд, ҷавонони ятиму бепарастор тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин намунаи олии таваҷҷуҳи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад.

Кори 12- умин ҷаласаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай то 16 июн дар Ҷумҳурии Қирғизистон идома меёбад.


13.06.2019 Нет комментариев