734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон иштирок менамояд

Дилшод Назаров варзишгари маъруфи кишвар машқҳои дастаҷамъонаи тамринии худро аз 24 июн то 10 июли соли 2019 дар шаҳри Амблонести Ҷумҳурии Чехия мегузаронад.

Дар ин машқҳои дастаҷамъона Дилшод Назаров омодагии худро ба мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ мебинад ва умед аст, ки ин варзишгари маъруфи кишвар роҳхати Бозиҳои олимпӣ – 2020- ро  ба даст орад.

Ӯ ҳамзамон, дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар мусобиқоти гуногуни сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад, аз ҷумла аз 6 то 7 июл дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мусобиқоти варзишӣ оид ба дарёфти Ҷоми Г.Касанов, 13 то 14 июл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мусобиқаи байналмилалии барои дарёфти Ҷоми Т.Колпокова ва 2 то 4 август дар Ҷумҳурии Узбекистон барои дарёфти Ҷоми Узбекистон иштирок менамояд.

Иштироки варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар Унверсиадаи ҷаҳонӣ, ки моҳи августи соли 2019 дар шаҳри Неаполи кишвари Италия  баргузор мегардад, дар назар дошта шудааст.

Дар ин замина Дилшол Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 26 сентябр то 2 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мегард иштирок хоҳад кард.

Натиҷаҳои то ба имрӯз ба дастовардаи Дилшод Назаров дар соли 2019 аз он шаҳодат медиҳад, ки ин варзишгар метавонад роҳахати олипиро барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олипии – 2020 дар Токио ба даст орад.


13.06.2019 Нет комментариев