734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастаи Суғд ҷойи аввалро соҳиб гардид

Аз 9 то 12 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни калонсолони (бонувони) то 30-сола бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 68 нафар бонувон аз дастаҳои вилояти Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷа дастаи вилояти Суғд дар мусобиқаи мазкур сазоври ҷойи аввал гардида, медалҳои ттилои мусобиқаро соҳиб гардиданд.

Дастаи ҷавгонбозони шаҳри Душанбе бо шикаст дар даври финалии мусобиқа сазовори ҷойи дуюм гардида, дастаи чавгонбозони Хатлон дар ин мусобиқаи варзишӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар кишвар барои иштирок дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур чор даста роҳхат пайдо намуда буданд.


13.06.2019 Нет комментариев