734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ситораи тиллоӣ: Волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷоизадори мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ гардид

Аз 4 то 11 июни соли 2019 дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия нуҳумин 1X Академияи бачагонаи мусиқии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонандагони мактаб – интернати махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев Шаҳриёр Ҳабибов ва Ҷалолиддин Абдуллоев намояндагӣ намуда, ҳунару маҳорати худро нишон дода, сазовори ҷоизаи ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ гардиданд.

lX – умин Академияи бачагонаи мусиқии давлатҳои аъзои ИДМ ва Балтика бо роҳбарии Юрий Башмет баргузор гардида, беҳтарин санъаткорон ва мусиқидонони ҷавону наврасро муайян намуд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистони бо гирифтани Ҷоми Академия “Ситора тиллоӣ” шарафёб гардиданд, ки ин боиси ифтихори ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Шаҳриёр Ҳабибов волотёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аъзои фаъоли маҳфили адибони ҷавони эҷодкору навқалами Кумита мебошад.

Дар ин чорабинии байналмиллалӣ намояндагони 12 давлати дунё Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок доштанд.


13.06.2019 Нет комментариев