734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор мегардад

15-16 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор мегардад.

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар як сол як маротиба баргузор гардида, беҳтарин варзишгаронро барои ворид гардидан ба тими мунтахаби кишвар пешниҳод менамояд.

Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи ба даст овардани имтизҳо имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.

Имсол чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар маҷмааи варзишии 20-  солагии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, иштироки беш аз 50 нафар варзишгари шинохтаи кишвар дар назар дошта шудааст.

Иштирокчиёни чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгароне мебошанд, ки дар марҳилаи аввали чемпионат дар сатҳи шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ ва дар марҳилаи дуюми чемпионат дар сатҳи минтақа ва вилоят ғолибият ба даст овардаанд ва ниҳоят ба даври ниҳоии чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат пайдо намудаанд.

Натиҷаи чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин варзишгарони кишварро дар шиштаи шиноварӣ муайн менамояд.

Сардовари чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Измайлова Екатерина муайян карда шудааст.


13.06.2019 Нет комментариев