734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Кристина Пронженко дар Чин рекорди қаблии худро шикаст

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Кристина Пронженко ва Одилшоҳ Исматов дар давраи дуюми Гран Прии Осиё иштирок карданд. Кристина дар дав ба масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт.

Мусобиқа бо иштироки беҳтарин варзишгарони қора 7 июн дар шаҳри Чонқинги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гашт.
Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 53.88 сония ҷои панҷумро ишғол намуда, рекорди миллӣ гузошт. Ӯ рекорди қаблии худро, ки дар Чемпионати Осиё моҳи апрели соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар бо натиҷаи 54.13 сония гузошта буд, шикаст. Кристина се рӯз қабл – 4 июн дар даври аввали Гран Прии Осиё низ (Ҷиангҷини Чин) бо натиҷаи 54.44 сония ҷои панҷумро сазовор шуда буд. Дар ин масофа ҷои аввалро боз ҳам Ти Лан Қуаш аз Ветнам (бо натиҷаи 52.26), ҷои дуюмро Елина Михина аз Қазоқистон (52.47) ва ҷои сеюмро Надиша Рамакаяка аз Шри Ланка (53.18), ки дар даври аввал ҷои дуюмро ишғол карда буд, сазовор гардиданд.
Варзишгари дигари тоҷик Одилшоҳ Исматов ҳам дар дав ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:53.70 дақиқа панҷум шуда ба марра расид. Натиҷаи ӯ дар даври аввали Гран Прии Осиё 1:52.02 дақиқа буд. Ин бор низ мисли даври аввал Амир Муродии эронӣ (1:49.99), Ҳанамура Такутои ҷопонӣ (1:50.57), Дежу Лиуи чинӣ (1:51.05) се ҷои аввалро ишғол намуданд.
Дар ҳисоби даставӣ Чин бо 15 медал (5 тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ) ҷои аввалро ишғол кард. Қазоқистон бо 8 медал (3-3-2) дар ҷои дуюм, Тайпейи Чин бо 3 медал (2-1) дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд. Умуман, варзишгарони 13 давлат сазовори медал шуданд.

НАТИҶАИ ДАВРИ 2-ЮМИ ГРАН ПРИИ ОСИЁ
/about/news/agp2019-Chongqing-results.pdf


12.06.2019 Нет комментариев