734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Худро бисанҷ ва соҳиби ҷойи кор шав!

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии озмуни кушод эълон менамояд.
Озмун дар доираи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ҳар шахс метавонад дар озмун ба таври озод иштирок намояд.
Мансабҳои холӣ дар Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии Кумита пешниҳод карда мешаванд.

Дастгоҳи марказии Кумита

1. Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1258,20 сомонӣ
2. мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумита 1 ҷой маоши мансабӣ 768 сомонӣ
3. мутахассиси пешбари Шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосиботи Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 930 сомонӣ
4. Мутахассиси пешбари Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 768 сомонӣ

Вилояти Хатлон
1.Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод–1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
2. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
3. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
4. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
5. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз -1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи А.Ҷомӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
7. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
8. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
9. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муминобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.

Вилояти Суғд
1 Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
2 Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
3 Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд -1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов -1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.
Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

1.сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ишкошими ВМКБ 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
2. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шуғнони ВМКБ 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
1. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Тоҷикобод -1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
2. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод -1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
3. сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Лахш -1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ
4. мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт -1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
– шарҳи ҳол;
– нусхаи диплом;
– 2 дона расми 3х4 ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 036 УЕ муқар-раргардида;
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)
– маълумотнома (справка-объективка).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои
маъмурии хизмати давлатӣ
Барои мансаби сардори Шуъба
таҳсилоти олии касбӣ;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
Барои ишѓолкунандагони мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓолкунандагони мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишѓолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кадрҳо ва корҳои махсус), телефон: 236-41-87, 235-10-23
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.


12.06.2019 Нет комментариев