734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷаласаи Шӯрои давлатҳои аъзои ИДМ

5-6 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Шушинскии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои давлатҳои аъзои ИДМ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзо доир гардид.

Дар ин нишаст Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни баргузории нишаст вобаста ба амалигардони сиёсати давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ гардида, таклифу пешниҳодҳо ва як қатор санадҳои дахлдор вобаста ба раванди босуръати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар давлатҳои аъзои ИДМ ба тасвиб расид.

Дар ҷараёни нишаст вобаста татбиқи сиёсати давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда шуда, сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар чанд соли охир бо суръати баланд рушд намуда, ин тадбири саривақтӣ барои амалигардонии ҳадафҳои олии ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ тадбири эълон гардидани рӯзи шанбе “Рӯзи варзиш”, баргузории машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ва доир намудани чорабиниҳои оммавию варзиширо дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба хуби истиқбол намуда, ин тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти татбиқи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш барои давлатҳои аъзоёни ИДМ тавсия доданд.


07.06.2019 Нет комментариев