734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо аъзоёни маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо аьзоёни маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимини суханронии хеш иброз намуданд, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Шумо ҷавонони хушиқболи ватан тамоми шароитҳои замони муосир фароҳам оварда шуда, таҳсили Шумо дар донишгоҳҳои бонуфӯзи олам ин натиҷаи заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат ва сиёсати дурбинонаи ӯ дар кишварҳои олам мебошад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар бонуфӯзтарин донишгоҳҳои олам таҳсил намуда, бо донишу маҳорат ва ақлу заковат тавонистанд, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд – зикр намуданд Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии хеш.
Дар мулоқот зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни тоҷике, ки дар ин минтақа таҳсил менамоянд иштирок намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хубу мусоид иброз намуданд.
Дар охир, суҳбати озоду самимӣ доир гардида, донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои гуногун ба раиси Кумита суолҳои худро иброз намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, айниҳол намояндагии маҳфил дар 16 давлати дунё фаъолият намуда истодааст. Махсусан намояндагии маҳфил дар 25 вилояти Федератсияи Россия таъсис дода шуда, фаъолияти маҳфил қариб дар тамоми донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия кор ва фаъолият дорад.
Дар раванди мулоқот намояндагии маҳфил дар шаҳри Ставропол вобаста ба омодагии ҳамаҷонибаи намояндагии маҳфил дар ин минтақа барои иштирок дар Анҷумани маҳфил, ки 12 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, суханронӣ намуда, иқдоми мазкурро барои дӯсту муттаҳидгардонӣ ва муаррифии дастоварду имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.


07.06.2019 Нет комментариев