734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад

12 августи соли 2019 дар кишвар 5 – умин Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад.

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, намояндагии худро дар 16 давлати дунё таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар баррасии мушкилоту пешрафти донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамоянд.

Айниҳол шумораи аъзоёни маҳфил беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил намуда, пайваста аъзоёни маҳфил чорабиниҳои гуногунро дар хориҷи кишвар бо доираи васеи тоҷикон доир менамоянд.

Дар кори Анҷуман роҳбарони намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони намояндагӣ дар вилояту шаҳрҳо ва донишгоҳҳои пурнуфӯзи олам, аъзоёни фаъоли маҳфил иштирок хоҳанд намуд.

Дар кори Анҷуман фаъолияти солонаи маҳфил баррасӣ гардида, нақшаҳо барои соли хониши 2019 – 2020 тасдиқ карда мешавад. Ҳамзамон, дар доираи кори Анҷуман баргузории силсила чорабиниҳо, конфронсу мизҳои мудаввар, тренингу семинарҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст.


07.06.2019 Нет комментариев