734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Иштироки Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот бо роҳбарони кор бо ҷавонони давлатҳои СҲШ ва БРИКС

5 июн дар баробари чорабиниҳои III Форуми байналмилалии “Баҳори донишҷӯёни давлатҳои БРИКС ва СҲШ” мулоқоти роҳбарони кор бо ҷавонон низ баргузор гардид.

Зимни мулоқоти мазкур Аҳтам Абдуллозод, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон баромад намуда, оиди имконияту дастгириҳои ҷавонони тоҷик суханронӣ намуд.

Аз ҷумла раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба иқдому дастгириҳои ҷавонон чунин гуфт: “Ҳукумату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон чун қишри ояндасоз диққати махсус дода, таваҷҷуҳи рӯзафзун ба он равона намудаанд. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон”, қабули Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Консепсияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, квотаҳои президентӣ барои хонандагони шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, бурсияҳои давлатӣ бо таъсиси Стипендияи дурахшандангон барои таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ва Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни лаёқатманд намунае аз дастгириҳои роҳбарияту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд”.

Ҳозирин иқдомҳои мазкурро ҳадафҳои некбинона ва дурбинона унвон намуда, қайд намуданд, ки ин дастгириҳо заминаи хуби рушду ташаккули ҷавонони тоҷикистонӣ дар оянда хоҳад шуд.


07.06.2019 Нет комментариев