734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Сабрина Абророва дар ҷаҳон якум шуд

Абророва Сабрина шоҳмотбози ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ мақоми аввалро касб намуд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо иштироки беҳтарин шоҳмотбозони ҷаҳон аз 1 то 5 июн дар шаҳри Ханти-Мансийски  Федератсияи Россия  баргузор гардида, беҳтаринҳоро  муайян намуд.

Сабрина Абророва миёни 31 бозингар рақобат намуда, бо гирифтани медали тиллои мусобиқаи ҷаҳонӣ шарафёб гардид.

Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз 57 давлати дунё ширкат варзида, ба ифтихори Сабрина Абророва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ садо дод.


07.06.2019 Нет комментариев