734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“Аз таърих бояд ифтихор кард, на онро ғалат талқин намуд” Вокушин ба мақолаи “Фарри гуштии тоҷикӣ куҷо шуд”

Матбуоти даврӣ оинаи рӯйдодҳои зиндагонӣ  ва бозгӯкунандаи мушкилоти ба миён омада мебошад. Аз ин минбари баланд огоҳона ва мақсаднок истифода бурдан ба манфиати аҳли ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, хурсандиовар аст, ки ҳамватонони азизи мо дар баррасии масъалаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд, нуқтаи назари худро ба воситаи мақолаҳо бо истифода аз озодии баён дар Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз менамоянд. Албатта тарзи пешниҳод ва шеваи баёни онҳо вобаста ва ҷаҳонбинӣ ва донишашон гуногун аст. Агар яке дар бораи мушкилоте огоҳона ва дилсӯзона изҳори назар кунад, дуввумӣ масъалаеро сатҳӣ ва зоҳирбинона баррасӣ мекунад.

         Чанде пеш дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, шумораи №19, аз 08 майи соли 2019  нигоштаи рӯзноманигор Нурулло Ҳасанов ба номи «Фарри гуштии тоҷик куҷо шуд?»  чоп шудааст.

       Муаллифи мақола ҳамчун як ҳаводори гӯштини тоҷикӣ, лекин на мутахассис балки ҳамчун тамошобин доир ба вазъи имрӯзаи ин навъи варзиш изҳори ақида карда чанд пешниҳод иброз намудааст. Вале ӯ комёбиҳои варзишгарон ва заҳматҳои масъулону мутасаддиён, махсусан дастгирӣ ва ғамхории давлату  Ҳукумати кишварро дар риштаи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” камранг нишон дода, хулосаҳои ғалат баровардааст, зеро ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст.

         Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳо, соҳаи варзиши тоҷикро ҳам рушд дода,  гӯштини миллии  моро дубора зинда намуд.

Дар давоми 28 – соли соҳибистиқлолӣ гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” ҳамчун як падидаи нодири таърихӣ ва мероси арзишманди ниёгон дар чорабиниҳои калони ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишии маҳалливу минтақавӣ ҷойгоҳи назаррасро касб намуда ба қалби мардуми шарифи кишвар дубора нақш баст.

         Масъулони соҳаи варзиш, хусусан Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” доим дар пайи тарғиби ин навъи варзиш ҳастанд, вале муаллиф ҷидду ҷаҳд ва корҳои анҷомдодаи онҳоро нодида гирифтааст;   «Чун барои эҳёи навину аслии он касеро  коре нест. На Кумитаи дахлдори варзишро ва на зиёиёни миллатамонро….» навиштааст ӯ. Набояд  фаромӯш кард,  ки ҳамаи варзишгарони тоҷик,  ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ғолиб омада, зери сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафу номуси давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз намуда истодаанд, маҳз дар заминаи гӯштини миллии тоҷикӣ ва таҷрибаи андӯхта дар он ба камол расиданд.

Ҳамзамон, барои исботи суханони хеш муаллифи мақола ягон асоси мусоҳиба ва сарчашмаи маълумотро аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дастрас накарда, бе асос, танҳо таҳлили инфиродӣ ва фикри шахсии хешро ба асос гирифтааст, ки умуман заминаи хулосабарорӣ ва натиҷагириро надорад.

Якум аз худи номи мақола ва номгузории намуди миллии аҷдодии варзиш нодуруст истифода шудааст.

Дар асоси Тартиб ва қоидаҳои баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” ва Барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои маҳфилҳои мактабҳои варзишӣ, клубҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳанӯз соли 2016 бо қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январ, таҳти №1.1 тасдиқ гардидааст ва мавқеи расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст, Гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” мебошад ва ягон шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқ надорад номи ин намудро ба хости дилаш дар рӯзномаву маҷалаҳои расмӣ ифода ва интишор намояд.

Ҳамзамон, соли 2016 “Барномаи зинаи аввали таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва маҳфилҳои беруназдарсии мауассисаҳои таҳсилоти умумӣ” бо қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2016, №4.3 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2016, №06/5-4050 тасдиқ ва мавриди амал қарор додаааст, ки Барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” аз қабили онҳо мебошад.

Инчунин, бо ташаббуси мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи варзиш “Барномаи рушди гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022 таҳия ва такмил дода шуда, мавриди баррасии коршиносон ва мутахассисони соҳа қарор дорад.

         Танҳо ду далел кофист, ки муаллиф аниқ ва дақиқ бояд дарк кунад, ки гӯштини миллии тоҷикӣ сарчашма, замина ва асоси муваффақияти дигар намудҳои варзиш, модари тамоми гуштинҳо, махсусан шарафмандии варзишгарони даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар намудҳои варзиш мебошад. Беҳрӯзи Хоҷазода соли 2017 маҳз дар мусобиқаи Наврӯзии гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” ғолиб омада ба мусобиқаи ҷаҳонӣ роҳ ёфт ва баъди 42 – сол қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Сайдмуъмин Раҳимовро дубора такрор кард. Хушқадам Хусравов ҳам дар мусобиқаи Наврӯзии гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” соли 2018 ғолиб омада ба дунёи варзиши ҷаҳонӣ роҳ ёфт ва сеюмин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар риштаи самбо гардид. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов ва ҷоизадори бозиҳои олимпии Пекин – 2018 Расул Боқиев низ дастпарвари баръалои мактаби нахустини гӯштини миллӣ мебошанд.

         Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дастур дода буданд, ки гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллат дар ҳамаи чорабиниҳои бузурги умумиҷумҳуриявӣ, махсусан дар заминаи мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои кишвар  таъсис ва рушд дода шавад.

Ҳамин тариқ айни замон дар кишвар 314 гурӯҳ, 3798 нафар машқварз зери роҳнамоии 115 мураббӣ ба рушди ин намуди варзиш машғул мебошанд.

         Эроди дигари муаллиф ба қоидаҳои пирӯзиву шикасти паҳлавонон марбут аст ва ин нуқтаи назар ҳам қобили қабул нест, зеро мутахассисони  соҳаи варзиш хуб медонанд, ки дар мусобиқаҳои расмии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ асосан вақт ба назар гирифта мешавад.  Дар ин замина, тавре дар боло зикр карда будем, тамоми фаъолияти минбаъдаи ин намуди аҷдодӣ дар асоси Тартиб ва қоидаҳои баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” ва Барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои маҳфилҳои мактабҳои варзишӣ, клубҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба расмият дароварда мешавад.

Ҳамзамон, сол то сол дар тамоми кишвар баргузории чорабиниҳои варзишии “гуштии миллӣ” ба қавли муаллиф, махсусан чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ пурра ба талаботи ин санадҳои овардашуда, яъне Тартиб ва қоидаҳои баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” асоснок карда мешаванд.

         Агар муаллиф аз таъғироти солҳои охир дар гӯштини тарзи дзюдо ба хубӣ маълумот ва мушоҳида мекард ва аз қоидаҳои имрӯзаи гӯштини миллӣ баҳравар мебуд, бараъло ҳис мекард, ки тамоми қоидаҳои гӯштини дзюдо қариб, ки пурра ба қоидаҳои гӯштини миллии тоҷикӣ “Гӯштингирӣ” наздик оварда шудааст.

Пешниҳоди дигари  муаллифи мақола ҳам, ки бояд паҳлавонон бо тоқии чакан ва ё тоқии чустию бадахшонӣ ба майдон бароянд, қобили қабул нест. Дар  майдони муҳорибаю варзиш ҳунару нерӯ  ва ғурури миллӣ муҳимтар аст. Муаллиф комёбиҳои варзишгарону доваронро нодида гирифта навиштааст: «Маҳз бо ибтикори масъулони дунёбехабар дар 6-7 соли оянда гӯштии миллии мо ба як парандаи беболу пар, бемодару мурдор табдил хоҳад ёфт».

          Ба диққати ӯ мерасонем, ки дар ҷумҳурӣ соли дуюм аст, ки Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ) бо тамоми санъати фарҳанги миллӣ, рақсу суруд, махсусан дар гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, бо либосҳои миллии гӯштини тоҷикӣ баргузор гардида истодааст.

Ҳамзамон маълум менамоем, ки имрӯзҳо дар муқоиса ба дигар намудҳои варзиш, танҳо дар намуди гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” ҳайати махсуси доварони гӯштини миллӣ бо теъдоди зиёда аз 36-нафар амал менамоянд. Ҳамаи онҳо устодони варзиш мебошанд. Доварон бо либос ва гарданбанди махсуси ягона, ки дар он Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст шудааст, таъмин ҳастанд. Инчунин пеш аз баргузории тамоми мусобиқаҳо барои тамоми даварону масъулини ин намуд семинарҳои омӯзишӣ доир карда мешаванд. Ва ҳамаи ин доваронро дар ҳамдастӣ бо варзишгарони ватандӯсту фидокор ва ҷавонмард «мурғи  беболу пар» гуфтан аз ҷониби муаллиф мояи “бешарафист” .

         Бо дарназардошти гуфтаҳо боло, дар замима тамоми асосҳои меъёриву ҳуқуқии ин намуди варзиш барои маълумот ва далел замима карда мешавад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


29.05.2019 Нет комментариев