734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Бо иштироки беш аз 6 000 нафар роҳпаймоии ҷавонон доир мегардад

Пагоҳ дар майдони 800 солагии Москваи шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” баргузор мегардад.

Ҳамоиши мазкур таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар кишвар таҷлил мегардад, роҳандозӣ карда мешавад.

Нухуст, пеш аз оғози ҳамоиш роҳпаймоии ҷавонон бо доираи 6 ҳазор нафар ҷавон доир гардида, дар он ҷавонони касбу кори гуногун аз тамоми қишрҳои ҷомеа иштирок менамоянд. Дар роҳпаймоии ҷавонон намояндагии маҳфили  “Пайравони Пешвои миллат” дар ҳайати 265 нафар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, ҳайати гирандагони стипендияҳои Президентӣ ва квотаҳои Президентӣ дар майдон бо шиорҳо қадам мезананд.

Дар роҳпаймоии идона ҳайати табибони ҷавон, сохтмончиёну ҳавонавардон, сарбозону афсарон, донишҷӯёни хориҷӣ, варзишгарон,  гирандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе, ғолибони олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ , донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, оркестри нафасӣ ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо, кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар қадам мезананд.

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда шуда, аз соли 1997 инҷониб ин санаи фараҳбахш барои ҷавонон дар сатҳи баланду зарурт ҷашн гирифта мешавад.


22.05.2019 Нет комментариев