734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“Лабханди ҷавонӣ” дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барномаи бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар кишвар таҷлил мегардад, таҳти унвони “Як рӯзи ҷавонӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён  фаъолона ширкат варзида, барномаи рангини ҳунарӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар чорабинии мазкур маҳфили “Лабханди ҷавонӣ”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намоиш додани барномаи ҳаҷвии худ хотири иштирокдорони ин барномаи идонаро шод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ низ ба роҳ монда шудааст.


18.05.2019 Нет комментариев